Томографии магнитно-резонансӣ (МРТ) — усули дақиқ ва бехатар барои ташхис мебошад, ки барои ба даст овардани тасвирҳои муфассали узвҳо ва бофтаҳои дохилӣ имкон медиҳад. Барои он ки натиҷаҳои ташхис ҳадди аксар дастрас ва дақиқ бошанд, омодагӣ ба МРТ дуруст бояд анҷом дода шавад. Мо мефаҳмонем, ки чӣ тавр инро қадам ба қадам ва бе фишор иҷро кардан мумкин аст.
Тавсияҳои умумӣ пеш аз МРТ Омодагӣ ба МРТ вобаста ба минтақаи ташхис каме фарқ мекунад, вале қоидаҳои умумӣ вуҷуд доранд:
- Намуди МРТ-ро дақиқ кунед: бо контраст ё бе он. Моддаи махсус метавонад омодагии иловагиро талаб кунад, масалан 4–6 соат пеш аз гузаронидани амалиёт чизе нахӯрдан.
- Ба духтур дар бораи мавҷудияти металлҳо, аз ҷумла, лавозимоти танзимкунандаи қалб( кардиостимуляторҳо), воситаҳои ивазкунанда (имплантҳо), дастгоҳҳои ортодонтӣ барои дуруст кардани ҷойгиршавии дандонҳо ( брекетҳо), лавозимоти хурде, ки барои бастан, нигоҳ доштан ё пайваст кардани чизҳо истифода мешаванд, (клипсҳо), дастгоҳҳои электронии хурд, ки барои идора ва таҳвили мӯътамади инсулин ба бадан истифода мешаванд, (помпаҳои инсулин) ва ғайра хабар диҳед Баъзе аз ин дастгоҳҳо бо МРТ мувофиқ нестанд.
- Бо худ роҳнамо ва ҳуҷҷатҳои тиббӣ (натиҷаҳои таҳқиқоти қаблӣ, хулосаҳо, варақаҳои амбулаторӣ) биёред, агар дошта бошед.
- Либоси бароҳат ва бе ҷузъҳои металлӣ (зиперҳо, тугмаҳо, занҷирҳо) пӯшед. Пеш аз ҷараёни ташхис мумкин аст шуморо барои иваз кардани либос даъват кунанд.
- Ҷавоҳирот ва лавозимотро (занҷирҳо, гӯшворҳо, соат, клипсаҳо, айнак ва ҳатто гӯшкунакҳои телефонӣ) аз худдур кунед — инҳо метавонанд ба сифати тасвирҳо таъсир расонанд.
Омодагӣ ба МРТ дар минтақаҳои гуногун
МРТ-и мағзи сарОдатан омодагии махсусро талаб намекунад. Беҳтар аст ором бошед. 1–2 соат пеш аз ташхис қаҳва, энергетикҳо нӯшидан ва кашидани тамбоку манъ аст.
МРТ-и шикамТавсия дода мешавад:
- 4–6 соат пеш аз ташхис ё қабули МРТ наҳорӣ накунед.
- Як рӯз пеш аз ташхис маҳсулоти газофароварро (хӯрдани лӯбиё, калам, нӯшокиҳои газдор, нонворӣ) аз реҷаи ғизоии худ хориҷ кунед.
- Мумкин аст духтур модда ё доруе, ки дар рӯдаи ҳозима барои ҷабби моддаҳои заҳрнок, токсинҳо ва дигар маводҳои номатлуб истифода мешавад, ё сӯзандаҳоро таъин кунад.
МРТ-и узвҳои тазаввурӣ (мало таз)- 4–6 соат пеш наҳорӣ накунед.
- 30–60 дақиқа пеш аз ташхис бояд пуфакро бо нӯшидани 0,5–1 литр об пур кунед.
- Барои занҳо: дар бораи ҳомиладорӣ, давраи ҳайзбинӣ ё мавҷудияти спирали дарунмаҳал хабар диҳед.
МРТ-и сутунмӯҳра ё узвҳои пайвасткунандаОдатан омодагии махсус лозим нест. Муҳим аст, ки дар рӯзи ташхис мазҳо ва равғанҳои молиданиро истифода набаред ва ҳамаи ашёи металлиро аз худ дур намоед.
Омодагӣ ба МРТ бо контраст
Моддаи контраст тавассути вена ворид мешавад ва барои беҳтар намоён кардани рагҳо, туморҳо ва илтиҳоб кӯмак мерасонад. Муҳим аст:
- Ба духтур дар бораи ҳассосият, бемориҳои гурда ва диабет хабар диҳед.
- 4–6 соат пеш аз ташхис наҳорӣ накунед.
- Пас аз ташхис оби зиёд нӯшед, то моддаҳо зудтар аз вуҷуди шумо хориҷ шавад.
- Манъи мутлақ барои МРТ
- Мавҷудияти кардиостимулятор ё импланти металлӣ, ки бо МРТ мувофиқ нест.
- Се моҳи аввали ҳомиладорӣ (барои МРТ бо контраст).
- Манъи нисбӣ:
- Клаустрофобия ё тарси худи бемор аз доштани ҷойҳои баста ё маҳдуд (имконияти истифодаи МРТ бо контуруи кушод вуҷуд дорад).
- Норасоии гурда (махсусан вақте ки моддаи махсус истифода мешавад).
Омодагӣ ба МРТ кори душвор нест, вале диққат ва риояи қоидаҳоро талаб мекунад. Риояи тавсияҳо барои ташхис зуд, дақиқ ва бидуни таъсирҳои номатлуб кӯмак мекунад. Агар саволҳое дар ин маврид боз ҳам ба шумо ҷой доранд, бо маркази мо тамос гиред, мутахассисони мо бо муфассал шуморо роҳнамоӣ хоҳанд кард.